Август 22, 2021 13:48 Asia/Dushanbe
  • Супурдани хонаҳои нав ба сокинони ноҳияи Вахш

Сокинони осебдида аз ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Вахш хонаҳои худро қабул карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Акрам Сулаймонзода-муовини раиси вилояти Хатлон дар маросими таҳвили хонаҳо гуфт : Ин иқдом ҳадяи давлати Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлол ба сокинони ноҳияи Вахш аст .
Муовини раиси вилояти Хатлон афзуд : Онҳо метавонанд сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро дар манозили ҷадиди худ ҷашн бигиранд.
Дар пайи бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар 11 майи имсол 41 хона дар рӯстои Иттифоқи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба таври комил тахриб шуд, ки бо кумаки молии давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалӣ ин хонаҳо дубора сохта ва ба соҳибони онҳо супурда шуд.

 

Барчасп