Август 23, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Олмон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Олмон дар мавриди вазъияти Афғонистон ва таъмини амнияти минтақа гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ҳамчунин Сироҷиддини Муҳриддин ва Хайко Маас дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ ва амниятӣ баҳсу табодули назар карданд .
Тарафҳо бар аҳамияти тақвияту густариши ҳамкориҳо барои дар пеш гирифтани иқдомоти муассир дар баробари таҳдидоти амниятӣ аз ҷумла тероризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ таъкид карданд.

 

Барчасп