Август 27, 2021 19:26 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Иззат Амон ба дарёфти пул аз корафтодагон

Раиси Маркази тоҷикон дар Маскав ва фаъоли ҳуқуқи башар дар Русия ба дарёфти пул аз ду муроҷиакунанда эътироф кард.

Ба гузориши “Азия Плюс”, Иззат Амон эътироф кард, аз як нафар ҳудуди 120 ҳазор сомонӣ ва аз фарди дигар 80 ҳазор сомонӣ дарёфт кардааст.

Аммо Саидбурҳон Шарифов, вакили Иззат Амон низ гуфт: Муваккилаш омодааст ин пулро ба молбохтагон бозгардонад.

Вай даргирии муваккилашро бо шокиёни парванда такзиб кард.

Шарифов гуфт: Бар асоси изҳороти додситони кул ва вазири дохилӣ, мумкин аст парванда баста шавад.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон мегӯяд: Ду нафар шикоят кардаанд, ки падараш аз онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқ 200 ҳазор сомонӣ дарёфт кардаву хадамоти ҳуқуқӣ ироа накардааст. 

Вакили Иззат Амон ибрози умедворӣ кард, бо эъломи афв ба муносибати сисолагии Истиқлоли Тоҷикистон муваккилаш низ афв шавад.

Шариф Курбонзода, раиси идораи иҷрои қонун дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт: То кунун 12 шаҳрванд алайҳи Иззат Амон шикоят кардаанд ва мизони хисорати ворида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли Русия баровард шудааст.

Иззат Амон 25 март дар Русия нопадид шуд ва баъдан пас аз боздошти ӯ аз сӯи мақомоти тоҷик, Вазорати дохилии Тоҷикистон аз бекор шудани шаҳрвандии русии ӯ ва ихроҷаш аз Русия хабар дод.

 

Барчасп