Муҳоҷирати солона ҳудуди 1000 муаллим аз вилояти Хатлон
Солона ҳудуди 1000 муаллим аз Хатлон муҳоҷират мекунанд.
Ба гузориши «Азия плюс», ба гуфтаи як манбаи хабарӣ, дар идораи маорифи Хатлон ҳар сол ин теъдод муаллим ҷойи кори худро тарк ва ба хориҷ аз Тоҷикистон муҳоҷират мекунанд.
Ба гуфтаи ин манбаи хабарӣ, тахмин зада мешавад, ки ин теъдод ба 1500 нафар низ дар сол бирасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бештари муҳоҷирон ҷавонони зери 30 сол ҳастанд, ки аз фурсати таҳсили ройгон истифода ва пас аз анҷоми тааҳҳуди 3 сола ҳуҷҷати худро дарёфт мекунанд ва пас аз дарёфти мадрак муҳоҷират мекунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, пойин будани мизони маошу дастмузд аз далоили аслии тарки ҷои хидмат ва муҳоҷирати муаллимон аст.
Тибқи дастуруламали Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имсол 1436 фориғуттаҳсил аз донишгоҳҳои Тоҷикистон бояд барои кор ба мактабҳои минтақаи Хатлон эъзом шавад, аммо то 27 август фақат 614 нафар, муодили 43 дарсад аз онҳо сари кор ҳозир шудаанд.