Сентябр 02, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 35 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, 35 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар кишвар шиносоӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 35 бемор, теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон токунӯн ба 16 ҳазору 852 нафар расида, ки аз ин теъдоди 16 ҳазору 698 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш тайи шабонарӯзи охир, 38 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавт шудагони беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадиди ҳамон 124 нафар аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, бо тазриқи ваксинаи корона ба афроди болои 18 сол дар ин кишвар заминаи коҳиши қобили мулоҳизаи мубталоён ба Ковид 19 фароҳам хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп