Сентябр 07, 2021 12:36 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди кулли мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон аз 17 ҳазор нафар фаротар рафт

Бо шиносоии 21 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон, теъдоди кулли мубталоён ба ин беморӣ дар ин кишвар аз 17 ҳазор нафар фаротар рафт.

Бо эҳтисоби ин 21 бемор, теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 5 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 866 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш, тайи шабонарӯзи охир 17 нафар аз беморони мубтало ба Ковид -19 дар Тоҷикистон дармон шудаанд.

Теъдоди фавтшудагони беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки агар дар ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ дар ин кишвар рӯзона ҳудуди 70 нафар бемор шиносоӣ мешуд, ин теъдод акнун ба рӯзона ба зери 30 нафар коҳиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп