Сел дар Лахш, Тоҷикистон
(last modified Sat, 11 Sep 2021 14:29:48 GMT )
Сентябр 11, 2021 19:29 Asia/Dushanbe
  • Сел дар Лахш, Тоҷикистон

Дар ноҳияи Лахш сели азими пиряхӣ маҷрои дарёи Сурхобро дигар кард.

Бино ба иттилои Радиои Тоҷикистон Овози Хуросон, ки аз ҷониби системаи Хавар иқтибос оварда шудааст 9 сентябр, аз соати 06:00 то соати 06:30 дар мавзеи Арчакаппаи деҳаи Сугади Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари гарм шудани ҳаво ва об шудани пиряхҳои атроф сатҳи оби рӯдхонаи Арчакаппа боло рафта, ба мисли сели харобкор маҷрои дарёи Сурхобро дар минтақа муддати 30 дақиқа баст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тағйир ёфтани маҷрои дарё сабаби шуста шудани 50-60 метр роҳ дар километри 250-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол шудааст. Ин ҳодиса сабаб шудааст, ки муддате ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода қатъ шавад.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада бо истифодаи 1 адад автопогрузчик ва 1 мошини КАМАЗ соати 20:00 роҳ пурра барқарор ва ҳаракати ҳама намуди нақлиёт таъмин гардид.