Сентябр 16, 2021 21:54 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири  Арманистон

Президенти Тоҷикистон бо сарвазири Арманистон мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии "Садои Хуросон"Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Арманистонро хайрамақдам гуфта,

робитаҳои деринаи Тоҷикистону Арманистонро омили муҳими рушди пайдарпайи муносибатҳои ду кишвар номиданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва фарҳанг, муҳокима карданд.

Барои мусоидат ба рушду пешрафти робитаҳои ҳамкории дуҷониба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дар ин замина баргузор намудани форумҳои тиҷоратӣ, зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд табодули афкор сурат гирифт.
 

Барчасп