Сентябр 19, 2021 20:13 Asia/Dushanbe
  • Аз мошин ба дучарха: даъвати раиси Кумита аз тоҷикистониён

раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, аз мардуми кишвар даъват намуд, ки аз истифодаи мошин ба дучарха гузаранд.

Бино ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо такя ба як манбаи хабарии Осиёи Марказӣ،

Баҳодур Шерализода,Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз тағйири иқлиму пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, ҳар нафар бояд корро аз 


  • Шерализода ниҳоди таҳти идораи худро мисол овард, ки дар саҳни даромадгоҳи Кумита барои велосипедҳо таваққуфгоҳ бунёд намуда, истифодаи дучархаро бар мошин тарҷеҳ 

  • "Ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мо бояд рондани автомобилро, ки яке аз манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳаво ва муҳити зист мебошад, камтар истифода барем", - изҳор доштаст Шерализода. 
  • Ӯ инчунин зарур хонд, ки дар нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ошхонаҳо, шаҳрвандон аз истифодаи маводи яккарата худдорӣ намоянд. Шерализода афзуд, ки ҳамзамон, дар минтақаҳои селфуро корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани каналҳо, насб намудани иншооти муҳофизатӣ, зиёд кардани майдони дарахтзор ва ғайраҳо зарур аст.

 

 

  •  
  • Ба иттилои вай, Тоҷикистон аз рӯйи партови гази карбон ба атмосфера дар ҷаҳон ҷойи 135-умро
  • мегирад ва ҳиссаи кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ камтар аз 3 дарсадро ташкил медиҳад, аммо бо вуҷуд дар феҳрасти осебпазиртаринҳо аз тағйирёбии иқлим қарор дорад.
  • Дар тавзеҳи зарари тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон, Шерализода зикр намуд, ки баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии боришот ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Ӯ бо такя ба ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, иттилоъ додаст, ки давоми солҳои 1992 – 2006 аз ҳисоби ноустувории вазъи ҳаво Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллари ИМА хисороти иқтисодӣ дида, зиёда аз 7 миллион нафар аҳолӣ зарар диданд

Барчасп