Сентябр 22, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Оғози захирасозии об барои тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Қайроққум

Нерӯгоҳи Қайроққуми вилояти Суғд захираи об барои тавлиди барқ дар зимистонро оғоз кард.

Раиси нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум гуфт: Бо коҳиши интиқоли об ба Узбакистон ва Қазоқистон, барномаи захирасозии об барои тавлиди барқ дар фасли зимистон оғоз шудааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Файзуллоҳ Авезов афзуд: Ба далели хушксолӣ дар минтақа тамоми тобистон оби пушти садди ин нерӯгоҳ ба дархости мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон барои таъмини ниёзи бахши кишоварзии ин ду кишвар мунтақил шуд.

Вай баён кард: Аммо аз 15 сентябри соли ҷорӣ ва дар пайи ба поён расидани мавсими обёрии заминҳои кишоварзии ин ду кишвар, акнун раванди захирасозии об барои тавлиди барқ дар фасли зимистон оғоз шудааст.

Вай таъкид кард, дар тобистон 1 миллиарду 600 миллион метри мукааби оби садди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ба Узбакистон ва Қазоқистон мунтақил шуд.

 

Барчасп