Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ меравад: Ифтитоҳи беш аз 120 иншоот дар назар аст
(last modified 2021-09-22T18:02:00+00:00 )
Сентябр 22, 2021 23:02 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ меравад: Ифтитоҳи беш аз 120 иншоот дар назар аст

Интизори меравад, роҳбари давлат зимни сафари корӣ ба ВМКБ дастикам 120 иншооти муҳими давлатӣ ва ҷамъиятиро ифтитоҳ кунад.

Бино ба иттилои Радиои "Садои Хуросон",Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад.
Сафари роҳбари давлатро сухангӯи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
Ба гуфтаи ӯ, феълан санаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дақиқ нашудааст, вале маълум аст, ки ӯ дар ҳамин моҳ аз ин вилоят боздид мекунад.

Ниятбеков дар идома изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сафари қарибулвуқуи худ на аз ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ дидан мекунад. Сафари ӯ танҳо ба Ванҷу Ишкошим, Мурғобу Рӯшон дар назар нест.
Манбаъ афзуд, ки роҳбари давлат аз 2 то 3 рӯз меҳмони ВМКБ гардида, дар ин муддат беш аз 120 иншооти муҳими давлатию ҷамъиятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.
"Ба истифода додани 10 иншооти муҳим дар ноҳияи Роштқалъа, 3 иншоот дар ноҳияи Шуғнон ва чандтои дигар дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст", - тавзеҳ дод Ниятбеков.

Феълан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар минтақаи Рашт қарор дорад.
 

Барчасп