Тоҷикистон хостори тавваҷуҳи Созмони Миллал ба захираҳои энержии барқӣ-обии ин кишвар шуд
(last modified Sat, 25 Sep 2021 08:19:44 GMT )
Сентябр 25, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон хостори тавваҷуҳи Созмони Миллал ба захираҳои энержии барқӣ-обии ин кишвар шуд

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон хостори тавваҷуҳи Созмони Миллали Муттаҳид ба зарфияти тавлиди барқи обӣ дар ин кишвар шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвекалери Ҷумъа дар нишасти ҳамкориҳои роҳбурдии Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2023 то 2026 гуфт, ки кишвараш хостори кумаки ниҳодҳои Созмони Миллал ба манзури бакоргирии зарфияти азими тавлиди барқи обӣ мебошад .
Вай таъкид кардааст, ки захираҳои солонаи тавлиди энержии барқӣ- обӣ дар Тоҷикистон 527 миллиард киловат-соъат мебошад, ки танҳо 20 миллиард киловат- соъат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон 20 миллиард киловатт соъат барқ тавлид шуд, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 5 дарсадиро нишон медиҳад .
Аммо таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар 12 миллиарду 100 миллион киловатт соъат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш наздик ба як дарсадиро нишон медиҳад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп