Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳро сипари боэътимоди Ватан номид
Сентябр 30, 2021 13:24 Asia/Dushanbe
Дар шаҳри Хоруғ гузашти низомӣ доир гардид.
Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, бо истинод ба "Asiaplus"،Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ 30 сентябр дар паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ кард.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президент нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори солгарди сиюми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
- Эмомалӣ Раҳмон соли 2021-умро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номида, саҳми фарзандони далеру шуҷоъ, бонангу номус, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ваҳдати комил, сулҳу суботи пойдор, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар роҳи ҳимояи истиқлоли давлатӣ, ба эътидол овардани вазъият ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, назаррас арзёбӣ кард.
- Президенти ҷумҳурӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани соҳибихтиёр номид.
- Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод изҳор дошт, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, яъне фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд.
Баъди суханронии президент паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд
Барчасп