ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 ҷипи J8 тақдим кард
(last modified Wed, 06 Oct 2021 08:01:20 GMT )
Октябр 06, 2021 13:01 Asia/Dushanbe
  • ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 ҷипи J8 тақдим кард

Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумак ба Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомашинаи навъи ҷип тақдим намуд.

Мувофики "Оиди радиои тоҷикии Хороан"،Тавре ки дар сомонаи сафорати ИМА дар Душанбе зикр мегардад, мошинҳои дорои арзиши 1,4 млн доллар ба нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Хусрав Бобозода, муовини вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот, 5 октябр дар маросими супурдани мошинҳои сабукрави бисёрҳадафа иштирок карданд.

“Ин кумаки хайрия як мисоли дастгириест, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти марзҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, қавитар мешавем”, изҳор дошт зимни суханронӣ дар маросим сафир Поммершайм.