Назорати намояндагони Тоҷикистон бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон
Намояндагони Тоҷикистони дар қодиби Маҷмаъи байни порлумонии кишварҳои узви ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва кумитаи иҷроии кишварҳои узви ИДМ бар раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон назорат хоҳанд кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Дилшод Раҳмон, Мақсудалӣ Умарализода, Муҳаммадалӣ Ватанзода ва Рашид Олимов аз аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ бар раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон назорат мекунанд.
Ҳамчунин Хуршеди Зиё-раиси Пажуҳишгоҳи мутолиоти стратегии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба унвони намояндаи Кумитаи иҷроии кишварҳои ИДМ назорат хоҳад кард .
Бештар бихонед :
- Дархости раиси ҷумҳурии Узбакистон аз Алишер Усмонов барои кумак ба Узбакистон
-
Мушорикати роҳбурдӣ-меҳвари дидори раисони ҷумҳӯрии Узбекистону Туркманистон
-
Ройзании сафири Эрон дар Тошканд ва намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар мавриди Афғонистон