Октябр 14, 2021 10:51 Asia/Dushanbe
  • Омодасозии 30 санади ҷадиди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз омода шудани 30 санади ҷадиди ҳамкорӣ бо Туркия хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Муҳаммадтоир Зокирзода, ки бо сафари расмӣ дар Туркия ба сар мебарад, дар дидор бо Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи ин кишвар аз омода шудани 30 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо Анкара хабар дод.

Вай гуфтааст, ки ин аснод шомили созишномаи бекор кардани раводид, тавофуқи оғози ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ – фаннӣ, сармоягузории бахши хусусии Туркия дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиши парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар, омӯзиш ва парвариш, фарҳанг ва гардишгарӣ мешавад.

Тарафҳо дар ин дидор эълом карданд, ки дар ояндаи наздик қасд доранд мизони муомилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Туркияро ба 1 миллиард доллар дар сол бирасонанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп