Роҳандозии барномаи интерентии номнависии ҷавонони бекор дар Тоҷикистон
Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон аз роҳандозии барномаи интерентии номнависии ҷавонони бекор дар ин кишвар хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуъотии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон, ин тасмим дар пайи нишасти муштараки мақомоти ин вазорат ва Кумитаи давлатии умӯри ҷавонон ва варзиши ин кишвар гирифта шуд .
Ҳадаф аз роҳандозии барномаи интерентии номнависии ҷавонони бекор дар Тоҷикистон мушаххас кардани теъдоди воқеии ҷавонон бекор ва кумак ба онон барои пайдо кардани ҷои кор унвон шудааст . Дар ҳоли ҳозир ин барнома дар ноҳияҳои Тоҷикистон фаъол шуда ва номнависии ҷавонони бекор, ки ба дунболи шуғли муносиб мебошанд, оғоз гардидааст .
Ҳамасола ҳазорон ҷавон аз донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишҳои фаннӣ-касбии Тоҷикистон фориғут-таҳсил мешаванд, ки имкони иштиғоли онон дар дохили ин кишвар ба далели маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва молӣ вуҷуд надорад .
Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ рушди пуршитоби аҳолии Тоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди касбу кор ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад, “бомбаи соъатӣ” унвон карда буд .