Гушоиши дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон
Гузоришҳо баёнгари он аст, ки дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гушоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Шафақно, масъӯлони сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе эълом карданд: Дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шудааст ва ба зӯдӣ фаъолияти худро оғоз мекунад .
Дар гузориши сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон омада, ки дар ҳоли ҳозир ин дафтар, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ шуда, дар ҳоли бозсозӣ аст ва баъд аз итмоми таъмир масъулони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо рӯзноманигорон нишасти матбӯотӣ баргузор ва дар мавриди барномаи худ дар Тоҷикистон суҳбат мекунанд .
Бахши матбӯотии Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди ифтитоҳи чунин дафтаре изҳори беитилоъӣ кардааст.