Ноябр 02, 2021 16:26 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷасади раиси собиқи корхонаи алюминии Тоҷикистон дар Маскав

Мақомоти полиси шаҳри Маскав аз кашфи ҷасади раиси собиқи корхонаи алюминии Тоҷикистон дар минтақаи ҷануби шарқи пойтахти Русия хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи «Тоҷ Вик», ҷасади беҷони Михаил Синании 90 соларо духтараш дар манзили маскунии падараш кашф кардааст, ки дар бадани вай осори гулӯла мушоҳида мешавад.

Дар канори ҷасади вай туфангчаи эҳдоӣ аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 1994 пайдо шудааст, ки пас аз сӯиқасд ба ҷони Синани дар замони мудирияти корхонаи алюминии ин кишвар барои дифоъ аз худ, муҷаввизи ҳамли ин аслиҳаро дарёфт карда буд.

Михаил Синани аз солҳои 1980 то 1995 мудирияти корхонаи алюминии Тоҷикистон дар Маскавро бар ӯҳда доштааст.

 

 

Барчасп