Ноябр 03, 2021 16:28 Asia/Dushanbe
  • Зарурати тақвияти артиши Тоҷикистон

Фармондеҳони артиши Тоҷикистон барои иртиқои ҷойгоҳ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тадобири вижае иҷро кунанд.

Дар радабандии ҷадид, пойгоҳи таҳлилии “Global Firepower ( GFP )”, ки қудрати низомии кишварҳои ҷаҳонро месанҷад, артиши Тоҷикистон баъд аз неруҳои мусаллаҳи Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон қарор гирифт.

Дар санҷишу арзёбии ин пойгоҳи таҳлилӣ артиши Тоҷикистон ҳамонанди соли гузашта рутбаи 99-ро дар байни 140 кишвар касб кард.

Дар ин радабандӣ Узбакистон дар рутбаи 51 қарор гирифт.

Пойгоҳи таҳлилии “Global Firepower” ҳамчунин эълом кард, Қазоқистон дар рутбаи 61, Туркманистон дар радаи 86 ва Қирғизистон дар рутбаи 93 дар байни 140 кишвар қарор гирифтанд.

Тибқи радабандӣ мақомҳои аввал то сеюмро артишҳои Амрико, Русия ва Чин ба даст оварданд.

Дар радабандии пойгоҳи таҳлилии Global Firepower шохисҳои каммияту кайфияти силоҳ, мавзеи ҷуғрофиёӣ, васоилу адавоти ҷангӣ, истихроҷи захоири табиӣ, санъати маҳаллӣ ва теъдоди низомиён дар назар гирифта шудааст.

 

 

 

Барчасп