Раисҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи Сарқонунро табрик гуфт
(last modified Sat, 06 Nov 2021 07:04:12 GMT )
Ноябр 06, 2021 12:04 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи Сарқонунро табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар баромади тевизионӣ тоҷикистониёнро ба солгарди Рӯзи Сарқонун табрик гуфта, ба хурду бузург иқболи нек ва зиндагии босаодатро орзу намуд.

Ба навиштаи сомонаи Sputnik, роҳбари давлат дар паёми табрикотии худ зикр намуд, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

"Яъне Конститутсияи мо бо раъйи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд", - таъкид намуд роҳбари давлат.

Ӯ аз ҷумла, хотиррасон намуд, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани рӯйдодҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистони, дағалона поймол гардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои он давра буд.

Эмомалӣ Раҳмон афзӯд,"Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд".

Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд намуд, ки омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфт, "Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад".

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кӯшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватан, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.

Дар фарҷом, роҳбари давлат ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ бахту саодат ва осоишу оромӣ орзу намуд.