Ҷойгоҳи ҷаҳонии Тоҷикистон аз нигоҳи суръати Интернет тағийр накардааст
(last modified Sat, 13 Nov 2021 09:09:23 GMT )
Ноябр 13, 2021 14:09 Asia/Dushanbe
  • Ширкати байналмилалии “Speedtest”
    Ширкати байналмилалии “Speedtest”

Коршиносони ширкати байналмилалии “Speedtest” гузориши суръати Интернет дар ҷаҳонро мунташир карданд, ки нишонмедиҳад дар ин радабандӣ, Тоҷикистон аз нигоҳи суръати Интернет дар мақоми 129 ҷаҳонӣ дар миёни 138 кишвар қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории Авесто, дар моҳи сентябри соли 2021 миёнгини суръати Интернет дар ҷаҳон 70 мегабайт (Mbyte, MB) бар сония аст, ки дар Тоҷикистон ин шохиси 21.10 мегабайт бар сонияро ташкил медиҳад.

Суръати Интернети телефони ҳамроҳ дар ҷаҳон 16.1 М бар сония аст, ки дар Тоҷикистон ин шохис 8 мегабайт бар сонияро ташкил медиҳад.

Бар асоси омори соли 2020 дар Тоҷикистон 7 миллиону 300 ҳазор нафар муштарии фаъоли телефони ҳамроҳ ва 3 миллиону 34 ҳазор нафар корбари Интернет, аз ҷумла Интернети телефони ҳамроҳ сабти ном шудаанд. Аммо дар миёни кишварҳои ИДМ дар радабандии ҷаҳонии суръати Интернет, Русия дар ҷойгоҳи 49, Қазоқистон 72, Қирғизистон 83 ва Узбекистон 89 воқеъ шудаанд.