Ноябр 17, 2021 10:24 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Қатар

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо раиси Муассисаи фарҳангӣ ва туристии Қатар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси ин ниҳоди давлатӣ ва Холид Иброҳим Ассулайти, раиси Муассисаи фарҳангӣ ва туристии Қатар дар Доҳа бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Тарафайн дар ин мулоқот дар мавриди таҳияи барномаҳо барои созмондеҳии рӯйдодҳои муштарак бо ҳадафи муаррифии фурсатҳои гардишгарии кишварҳои якдигар, барпоии намоишгоҳҳои гардишгарӣ ва саноеи дастӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ дар ояндаи наздик, тавофуқ карданд.

Ҳайати Тоҷикистон бо раёсати раиси Кумитаи рушди гардишгарӣ дар намоишгоҳи байналмилалии туристии «Qatar Travel Mart 2021», ки дар Доҳа оғоз ва то 18 ноябр идома меёбад, ширкат мекунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп