Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон
(last modified Mon, 22 Nov 2021 06:17:48 GMT )
Ноябр 22, 2021 11:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Тавлиди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 33 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муъодили 2 миллиарду 900 миллион долар) расида аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши панҷуним дарсадиро нишон медиҳад.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар ин муддат тавлиди маҳсулоти чорводорӣ 8.1 дарсад ва меваву сабзиҷот 4.7 дарсад дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш ёфта аст.

Гуфта мешавад, ки таи 10 соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 937 ҳазор тонна картошка, 855 ҳазор тонна гандум ва 93 ҳазор тонна пахта бардошт шуда аст.

Бо вуҷуди афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нархи аксари маводи хурокӣ аз ҷумла орд, гандум ва картошка дар муқоиса бо солҳои пеш қиматар шуда аст.

 

Бештар бихонед: