БДА: “Воксин назада бошед, ба Душанбе наравед"
Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд аз сокинони шимоли Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар сурати надоштани гувоҳиномаи тазриқи воксани корона аз сафар ба Душанбе ва навоҳии марказии ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ба гузориши Тоҷвик, Сӯҳроб Қуробонзода, раиси Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд (БДА) бо ирсоли номае ба шабакаи телевизион ва радиои давлатии ин минтақа, ин дархостро матраҳ кардааст.
Ҳадаф аз ин иқдом тасреъ дар раванди тазриқи воксани корона ба сокинони вилояти Суғд унвон мешавад.
Дар ин нома таъкид шудааст, ки мусофирон метавонанд дар поёнаи марказии шаҳри Хуҷанд қабл аз сафар ба Душанбе ва навоҳии марказии Тоҷикистон воксани корона тазриқ кунанд.
Дар ин авохир дар мактабҳои вилояти Суғд аз донишомӯзон хоста шудааст, ки копии гувоҳиномаи тазриқи воксани коронаи волидайни хешро ироа кунанд.
Бар асоси гузориши Идораи тандурустии вилояти Суғд то 3 декбари соли ҷорӣ бовуҷуди таъкиди пайдарпай барои тазриқи воксани корона танҳо 45 дарсад аз афроди болои 18 соли ин минтақа ваксина шудаанд.
Бештар бихонед:
- Тазриқи дози сеюм воксани корона дар Тоҷикистон феълан имкон пазир нест
- Таҳвили 370 ҳазор доз воксани корона ба Тоҷикистон