Муофияти молиётӣ барои теъдоде аз ширкатҳои сохтмонсозӣ дар Тоҷикистон дар соли 2022
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i77938-Муофияти_молиётӣ_барои_теъдоде_аз_ширкатҳои_сохтмонсозӣ_дар_Тоҷикистон_дар_соли_2022
Дар Тоҷикистон теъдоде аз ширкатҳои сохтмонӣ аз пардохти андоз ва молиёт озод шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 08, 2021 15:05 Asia/Dushanbe
  • Муофияти молиётӣ барои теъдоде аз ширкатҳои сохтмонсозӣ дар Тоҷикистон дар соли 2022

Дар Тоҷикистон теъдоде аз ширкатҳои сохтмонӣ аз пардохти андоз ва молиёт озод шуданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, паймонкори сохти меҳмонхонаи 5 ситораи Исмоили Сомонӣ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз пардохти молиёт дар соли 2022 озод шудааст.

Гуфта мешавад, ки сохти ин меҳмонхона аз 15 сол қабл оғоз шудааст.

Ҳамчунин ширкатҳои русӣ, ки ба сохти 5 мактаби русизабон дар 5 шаҳри Тоҷикистон машғул ҳастанд, аз пардохти молиёт дар соли 2022 озод шудаанд.

Тасвиби Кодекси нави андоз дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Ширкати чинии TBEA, ки дар ноҳияҳои Данғара, Ваҳдат ва Файзобод ҳам, ки кори сохти 3 мактабро оғоз кардааст, соли 2022 молиёт пардохт нахоҳад кард.

Як ширкати дигар, ки дар ноҳияи Дӯстӣ бо кумаки молии Сафорати Туркманистон дар шаҳри Душанбе сохти як мактабро оғоз кардааст, низ аз пардохти андоз озод шудааст.

Муофияти молиётии ин ширкатҳо шомили молиёт бар арзиши афзуда ҳангоми воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти фаннӣ аст.

 

Бештар бихонед: