Талоши Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши теъдоди ниҳодҳои назоратӣ
(last modified Wed, 15 Dec 2021 05:24:40 GMT )
Декабр 15, 2021 10:24 Asia/Dushanbe
  • Талоши Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши теъдоди ниҳодҳои назоратӣ

Ҳукумати Тоҷикистон талоши тозаеро барои коҳиши теъдоди ниҳодҳои назоратӣ бар фаъолияти мирказҳои иқтисодӣ ва тавлидӣ оғоз кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ба ин матлаб дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангии фаъолияти идораҳои назоратии Тоҷикистон, ки ба раёсати Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд.

Дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки теъдоди ниҳодҳои назоратӣ бар фаъолияти марокизи иқтисодӣ ва тавлидӣ дар Тоҷикистон аз 26 ниҳоди феълӣ ба 22 созмон коҳиш ёбад. Зеро ин иқдом муҷиби коҳиши мудохилаи ин созмонҳо дар раванди фаъолияти бахши хусусӣ хоҳад шуд.

Бар асоси барномаи Шӯрои ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои назоратии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ беш аз 41 ҳазор маврид баррасӣ ва бозрасии молӣ аз фаъолияти марокизи иқтисодӣ ва тавлидӣ барномарезӣ шудааст.