Мушорикати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сохти мактаб дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 16 Dec 2021 06:13:37 GMT )
Декабр 16, 2021 11:13 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сохти мактаб дар Тоҷикистон

Иморот дар Тоҷикистон мактаб месозад.

Ба гузориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо доктор Иброҳим қоиммақоми мудири кули Сандӯқи хайрия ва башардӯстонаи Зойид бин Султон ал-Наҳён дар шаҳри Дубай дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор пешнависи мувофиқатнома байни давлати Тоҷикистон ва ин сандӯқ дар мавриди сохти мактабҳои миёна дар манотиқи Кӯшониён, Данғара ва Темурмалик ироа шуд.

Тарафайн дар ин мулоқоти густариши ҳамкории ду кишвар дар заминаи омӯзишу парвариш, бавижа дар заминаи сохту бозсозии мактабҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Интизор меравад, ки намояндагони Сандӯқи хайрияи иморотӣ дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар кунанд.