Кумаки 1 миллион долларии Кувайт барои бозсозии роҳи Ховалинг-Тавилдара
(last modified Sun, 19 Dec 2021 16:17:57 GMT )
Декабр 19, 2021 21:17 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 1 миллион долларии Кувайт барои бозсозии роҳи Ховалинг-Тавилдара

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи бозсозии роҳи Ховалинг–Тавилдара миёни минтақаи Кулоб ва вилояти Бадахшонро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, 70 километр аз ин масир бо кумаки ройгони сандуқи Кувайт дар умури тавсеаи иқтисодии кишварҳои арабӣ бозсозӣ хоҳад шуд.

Юсуф Маҷидӣ мовини вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин созишнома дар маҷлиси намояндагон гуфта аст, ки бозсозии масири Ховалинг-Тавилдара заминаи рафтуомади василаҳои нақлиётӣ ва мусофирон, миёни маркази Тоҷикистон бо вилояти Бадахшон то марзи Чин, Афғонистон ва Қирғизистон дар тамоми фаслҳои солро фароҳам месозад. Зеро ба далели куҳистон будани ин масир рафтуомади нақлиёт ва мусофират дар зимистон бо мушкилоти зиёд ҳамроҳ аст.

Тавофуқ дар бораи ихтисоси кумаки молии ройгони сандуқи Кувайт дар умури тавсеаи иқтисодии кишварҳои арабӣ барои бозсозии ин масир дар дидори Марвон Абдуллоҳ Алғоним мудири кулли ин сандуқ дар шаҳри Душанбе дар таърихи 10 декабри соли ҷорӣ гирифта шудааст.

 

 

Бештар бихонед: