Тағйироти иқлимӣ - меҳвари гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ
Мақомоти Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди паёмадҳои эҳтимолии тағйири иқлим баҳсу табодули назар карданд.
Ба гузориши “Форс”, Юсуф Шарифзода, сафири Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ бо Бон Ки Мун, раиси Муассисаи Рушди Сабзи Ҷаҳонӣ дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор тарафайн дар мавриди паёмадҳои тағйири иқлим, иҷрои тарҳҳои муштарак ва дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор баҳсу табодули назар карданд.
Ду тараф дар мавриди тавсеаи равобити наздик барои иҷрои ибтикороти байналмилалии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуракои байналмилалӣ тавофуқ карданд.
Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар 27 апрели соли 1992 барқарор шудааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ моҳи апрели 2015 ифтитоҳ шудааст.
Бештар бихонед:
- 5 ҳазор тоҷики шаҳрванди Русия дар Кореяи Ҷанубӣ кор мекунанд
- Талоши Тоҷикистон барои фиристодани коргар ба Кореяи Ҷанубӣ