Тавофуқи Тоҷикистон ва Узбекистон барои аз саргирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти заминӣ
(last modified Sat, 15 Jan 2022 06:39:14 GMT )
Январ 15, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Узбекистон барои аз саргирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти заминӣ

Тоҷикистону Узбекистон дар бораи аз саргирии рафту омади автобусҳои мусофирбарӣ ва воситаҳои нақлиётии шахсӣ миёни ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин тасмим дар нишасти Комиссиюни муштараки ҳамлу нақли байналмилалии ду кишвар дар шаҳри Тошканд гирифта шуд.

Тарафҳо дар ин нишаст бо мувофиқат барои аз саргирии ҳаракати воситаҳои нақлияи заминӣ миёни ду кишвар дар бораи истифода аз масири Тоҷикистон барои воридоту содироти коло бо Чин низ баҳсу табодули назар карданд.

Бар ин асос Узбекистон метавонад, аз масири Тошканд – Душанбе ва аз тариқи вилояти Бадахшон, воридот ва содироти маҳсӯлот бо Чинро роҳандозӣ кунад.

Ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ ва васоили нақлияи шахсӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон аз моҳи марти соли 2020 ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шуда буд.

Аммо дар ҳоли ҳозир рафту омади автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Тошканди Узбекистон барқарор шудааст.

Бештар бихонед: