30 январ замони баргузории ҷашнҳои Сада дар Тоҷикистон
Январ 22, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо эъломи таърихи баргузории ҷашни Сада аз мардуми кишвар барои ҳузур дар ин ҷашн даъват кард.
Ба гузориши Форс, 30 январи соли ҷорӣ дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мешавад.
Дар ин рӯз мардум дар “Боғи Фирдавсӣ” барои таҷлили ҷашни Сада оташ рушан мекунанд.
Қарор аст, дар ҳошияи ин маросими намоишгоҳи ниҳолу донаи кишоварзӣ низ барпо шавад.
Ҷашни Сада ба муносибати наздик шудани поёни зимистону ҳавои сард ва 50 рӯз қабл аз Наврӯз ва расидани баҳор баргузор мешавад.
Барои аввалин бор ҷашни Сада дар Тоҷикистон ба таври расмӣ дар 30 январи соли 2018 баргузор шуд.
Барчасп