Январ 26, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти молии Олмон аз тоҷирони тоҷик

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз кумаки молии Олмон барои ҳимоят аз тоҷирони ин кишвар хабар дод.

Маросими имзои қарордодҳои интиқоли ваҷҳҳои молӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва 5 муассисаи молии маҳаллӣ, аз ҷумла Бонки Арванд, Финка, Ҳумо, Имон Интернешнал ва Оксус баргузор шуд.

Дар ин маросим Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Андреас Шнайдер, мудири минтақаии Бонки олмонии тавсеа дар Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Барномаи таъмини молии занҷираи арзиши кишоварзӣ аз тариқи кумакҳои ройгони давлати федералии Олмон ба маблағи 9. 6 миллион евро дар чорчӯби тавофуқномаи давлатҳои ду кишвар дар мавриди ҳамкории молӣ барои солҳои 2016 - 2017 мутобиқ бо дастури Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илзомоти чаҳорумин ҳадафи стратегии ин кишвар, яъне суръат бахшидан дар саноаттисозӣ, иҷро мешавад.

Ҳадаф аз ин барнома пардохти вомҳои басарфа ба ширкатҳои кишоварзии хурду миёнаи Тоҷикистон аст.

 

Барчасп