Талоши дубораи мақомоти тоҷик барои пайвастан ба шабакаи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Thu, 27 Jan 2022 10:34:35 GMT )
Январ 27, 2022 15:34 Asia/Dushanbe
  • Талоши дубораи мақомоти тоҷик барои пайвастан ба шабакаи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом кард, мақомоти кишвар барои пайвастани дубора ба шабакаи барқи Осиёи Марказӣ талош мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Нозир Ёдгорӣ бо ишора ба қатъ шудани саросарии барқ дар Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон гуфт: Тоҷикистон аз ин иттифоқ ба далели мустақил будани хатҳои барқ зиён надидааст.

Вай афзуд: Аммо талош мекунад, ки дар соли ҷорӣ дубора ба ин шабака бипайвандад.

Сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик идома дод, ба ин манзур Бонки Рушди Осиё манобеи молии мавриди ниёзро ихтисос дода аст.

Бо гузашти 3 рӯз аз қатъи сарорсарии барқ дар Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳанӯз ҳам интиқоли барқ дар қаламрави ин 3 кишвар оғоз нашудааст.