Тими миллии футзали занони Эрон бо ғалаба бар Тоҷикистон қаҳрамони КАФА шуд
(last modified Fri, 28 Jan 2022 17:25:34 GMT )
Январ 28, 2022 22:25 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футзали занони Эрон бо ғалаба бар Тоҷикистон қаҳрамони КАФА шуд

Тими миллии футзали занони Эрон қаҳрамони мусобиқоти Осиёи Марказӣ шуд.

Тими миллии футзали занони Эрон ҷумъа (8 баҳманмоҳ), 28 январ дар охирин дидор аз мусобиқоти Осиёи Марказӣ, мавсум ба КАФА муқобили Тоҷикистон ба майдон рафт ва бо пирӯзии 9 бар сифр муқобили ҳарифи худ, қаҳрамони ин мусобиқот шуд.

Настарани Муқимӣ, Фариштаи Каримӣ (се гол), Соро Ширбегӣ (ду гол), Нисо Аҳадӣ, Саҳари Попӣ ва Маҳисо Алимададӣ голзанҳои Эрон дар ин дидор буданд.

Тими Эрон дар ин рақобатҳо 6 дидор анҷом дод, ки дар панҷ мусобиқа муқобили тимҳои Узбакистон, Тоҷикистон ду бор ва Қирғизистони ду бор пирӯз шуд ва дар дидори даври баргашт муқобили Узбакистон ба тасовӣ расид.

Ин аввалин мусобиқаи Эрон баъд аз ҳудуди ду сол таътилӣ аст. Охирин боре ки Эрон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат кард, урдибиҳиштмоҳи 1398 (апрели 2019) буд, ки ба Русия эъзом шуд.

Саҳари Попӣ, Фотимаи Попӣ, Тоҳираи Маҳдипур, Эъзоми Охундӣ, Маҳисо Алимададӣ, Фотима Раҳматӣ, Фариштаи Хусравӣ, Саҳари Замонӣ, Фариштаи Каримӣ, Фарзонаи Тавассулӣ, Соро Ширбегӣ, Настарани Муқимӣ ва Нисо Аҳадӣ бозикунони Эрон дар ин мусобиқот ҳастанд, ки ҳидояти онҳоро Фурӯзон Сулаймонӣ бар уҳда дорад.