Феврал 02, 2022 10:14 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои таҷҳизоти хадамоти шаҳрии Чин ба шаҳрдори Душанбе

Шаҳрдори Душанбе таҷҳизоти хадамоти шаҳриро аз намояндагони Чин таҳвил гирифт.

Мақомоти Сафорати Чин дар Тоҷикистон 413 автобус, мошинҳои оташнишонӣ, мошини ёрии таъҷилӣ, мошинҳои ҳамли зубола ё партоб, мошинҳои обпош, ҷарсақил (кран) ва васоили хадамоти роҳдориро ба шаҳрдори Душанбе таҳвил доданд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ин таҷҳизот бар асоси тавофуқномаи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи эҳдои 488 анвои васоил ба Рустами Эмомалӣ таҳвил дода шуд.

Сафири Чин дар Тоҷикистон дар маросими эҳдои таҷҳизот гуфт, бақияи 53 дастгоҳ аз ин таҷҳизот низ дар ояндаи наздик ба шаҳрдории Душанбе таҳвил дода хоҳад шуд.

Ин таҷҳизот ройгон дар ихтиёри шаҳрдории Душанбе қарор дода мешавад то барои беҳбуди кайфияти хадамот ва тарҳҳои умронии пойтахти Тоҷикистон истифода шавад.

 

Барчасп