Феврал 09, 2022 19:59 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои ҳалли ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон
    Омодагии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои ҳалли ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон

Намояндаи доимии Русия дар Созмони паймони амниятӣ ҷамъӣ аз омодагии ин ниҳод барои кумак ба ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Михаил Оқосондиён гуфт, ки дар СПАД муътақиданд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ихтилофот бар сари манотиқи марзиро ҳал кунанд ва дар сурати зарурат ин ниҳод барои кумак ба поён додан ба муноқишаи ин ду кишвари узв омода аст.

Зеро мардуми ин ду кишвар ҳамсоя дар тули қарнҳо дар канори якдигар дар фазои мусолиматомез зиндагӣ карданд ва бо эҳтиром ба ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон ин умедворӣ вуҷуд дорад, ки тарафҳо барои аломатгузории марзи муштарак ба тавофуқи ниҳоӣ хоҳанд расид.

Дар ҳоли ҳозир аз 976 километр аз марзӣ муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи наздик ба се даҳҳа музокироти ду кишвар танҳо бар сари аломатгузории 519 километр тавофуқ шудааст.

27 январи соли ҷорӣ даргирӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, ки мунҷар ба кушта шудани ду сокини ноҳияи Исфара ва захмӣ шудани 10 нафар гардид, ки 6 тани аз онҳо низомӣ мебошанд.

Тарафи Қирғизистонӣ эълом кард, ки бар асари ин ҳодиса 14 низомии ин кишвар захмӣ шуданд.

 

Барчасп