Феврал 10, 2022 12:39 Asia/Dushanbe
  • Сафари намояндагони Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо аз сафари қаирбулвуқуъи намояндагони маҷмаъи қонунгузории Аврупо ба Душанбе хабар дод.

Ба гуриши сомонаи Ховар, дар дидори Эркин Раҳматуллоҳзода ва Девид Моколистер раиси кумитаи равобити байналмиллалии Парлумони Аврупо роҷеъ ба сафари намояндагони маҷмаъи қонунгузории Аврупо ба Тоҷикистон ва ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар шуд.

  • Дар ин дидор сатҳи феълии равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шуд.
  • Ҳамчунин тарафҳо дидгоҳҳои худро дар бораи вазъияти амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баён карданд.

Бар асоси таъкиди сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо дар сафари намояндагони маҷмаъи қонунгузории Аврупо ба Душанбе роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ ва амниятӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

 

Барчасп