Феврал 25, 2022 22:06 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ дар Украина

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба эъломи ҳукумати низомӣ дар Украина, аз шаҳрвандони худ хостааст, дастуруламалҳои ситоди амалиётиро риоят ва то ҳадди имкон аз хона хориҷ нашаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст то ҳадди имкон маҳалли зиндагии худро дар Украина тарк накунанд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон омадааст: Бинобар эъломи ҳукумати низомӣ аз 24 феврали соли ҷорӣ дар саросари Украина, Вазорати умури хориҷа аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин кишвар қарор доранд, хоҳиш мекунад, ки дастуруламалҳои ситоди амалиётиро ба шиддат риоят кунанд, сабур бошанд ва то ҳадди имкон маҳалли зиндагии худро тарк накунанд.

Дар сурати бурузи ҳар гуна мушкил дар хоки Украина, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба сафоратхонаи ин кишвар дар Киев муроҷиа кунанд.

 

Барчасп