Тазриқи воксани корона ба 89 дарсад аз мардуми Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i81838-Тазриқи_воксани_корона_ба_89_дарсад_аз_мардуми_Тоҷикистон
89 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи вируси корона, ваксина дарёфт кардаанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 26, 2022 11:02 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи воксани корона ба 89 дарсад аз мардуми Тоҷикистон

89 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи вируси корона, ваксина дарёфт кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 23 феврал 5 миллиону 8 ҳазору 284 нафар ё муодили 89.4 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон алайҳи Ковид - 19 ваксина шудаанд.

Ин вазоратхона эълом кард, то ин таърих 4 миллиону 288 ҳазору 826 нафар муодили 76.6 дарсад аз шаҳрвандони кишвар доз(воя)-и дувуми воксанро тазриқ карданд.

Ҳамчунин токунӯн 315 ҳазору 476 шаҳрванди тоҷик навбати сеюми воксанро тазриқ карданд.