Таварруми нимдарсадӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 28 Feb 2022 13:53:17 GMT )
Феврал 28, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Таварруми нимдарсадӣ дар Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз рушди нимдарсадии таваррум дар моҳи аввали соли 2022 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, дар гузориши ин ниҳод таъкид шуда аст, ки дар январи соли ҷорӣ афзоиши қиматии маводи ғизоӣ ва хадамот дар Тоҷикистон идома ёфт, ки сабаби рушди нимдарсадии таваррум шуда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 мизони таваррум дар Тоҷикистон 8 дарсад эълом шуда буд.

Ҳарчанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли 2021 дар ин кишварро 6 дарсад пешбинӣ карда буд, аммо дар соли 2020 ва дар пайи густариши вируси корона рушди таваррум дар Тоҷикистон ба 9.4 дарсад расид ки дар 10 соли ахир бесобиқа буда аст.