Интиқоли шаҳрвандони тоҷик аз Украина
(last modified Thu, 03 Mar 2022 12:03:35 GMT )
Март 03, 2022 17:03 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли шаҳрвандони тоҷик аз Украина

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина 823 тоҷик ба Лаҳистон ва 121 нафар ба Молдова рафтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, ҳамчунин се шаҳрванди Тоҷикистон, ки узви комисюни назорати Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо бар вазъияти минтақаи шарқи Украина буданд ба шаҳри Ростовт Русия мунтақил шуданд.

Бар асоси ин гузориш ба ҳеҷ яке аз 4 ҳазор тоҷик, ки дар Украина ба сар мебаранд осебе нарасида аст ва мақомоти Вазорати хориҷа ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Лаҳистон Молдова ва Руминия дар ҳоли кумак ба хуруҷи ин афрод аз Украина ҳастанд.

Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Украина низ барои баррасии вазъияти шаҳрвандони ин кишвар, ки аз Украина хориҷ мешаванд, ба шаҳрҳои ҳаммарзи ин ҷумҳурӣ бо Лаҳистон, Молдова ва Руминия рафтанд.