Март 14, 2022 21:02 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 5 миллион нафар дар Тоҷикистон ваксинаи корона дарёфт карданд
    Беш аз 5 миллион нафар дар Тоҷикистон ваксинаи корона дарёфт карданд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то рӯзи 14 марти соли ҷорӣ 5 миллиону 118 ҳазору 370 нафар аз сокинони болои 18 соли ин кишвар ваксинаи корона дарёфт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ин муддат ба 5 миллиону 118 ҳазору 370 нафар аз сокинони болои 18 соли ин кишвар ваксинаи корона тазриқ шуда аст, ки ҳудуди 91.4 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ташкил мекунад.

Аз ин теъдод ба 4 миллиону 718 ҳазору 923 нафар дози дувуми ваксиани корона тазриқ  шуда аст, ки баробар бо 84.3 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар мебошад.

Ҳамчунин то кунун ба 740 ҳазор нафар аз сокинони болои 18 соли Тоҷикистон дози саввуми ваксинаи корона тазриқ карданд.

Теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 388 нафар расида аст,ки аз ин теъдод 17 ҳазору 263 нафар беҳбуд ёфтанд.

Теъдоди фавтшудагони бемории корона бедуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.

 

Барчасп