Март 18, 2022 19:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Туркия бо вазири нақлиёт ва зерсохтҳои ин кишвар, тақвияти ҳамкории ду кишвар дар заминаи ҳамлу нақл баррасӣ шуд.

Ба гузориши “Форс”, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Одилқаро Исмоилуғлу, вазири нақлиёт ва зерсохтҳои ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дар мавриди шева, вазъияти кунунӣ ва гомҳои оянда барои тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлунақлу зерсохтҳои он, ба вижа дар чорчӯби комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия табодули назар сурат гирифт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп