Эътирози Қушӯнҳои сарҳадӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ба Шаҳболи латукӯбшуда
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8314-Эътирози_Қушӯнҳои_сарҳадӣ_барои_пардохти_ҷубронпулӣ_ба_Шаҳболи_латукӯбшуда
Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ аз болои қарори суд дар бораи пардохти зиён ба сарбоз шикоят бурданист.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 23, 2016 10:05 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Қушӯнҳои сарҳадӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ба Шаҳболи латукӯбшуда

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ аз болои қарори суд дар бораи пардохти зиён ба сарбоз шикоят бурданист.

Ба иттилои Азия-Плюс, Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо қарори санаи 22 ноябр содиршудаи суд дар бораи пардохти ҷубронпулӣ ба сарбози латкӯбшуда Шаҳбол Мирзоев розӣ нест.

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати мазкур Муҳаммал Улуғхоҷаев дар ин робита гуфт, ки раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадӣ бо қарори суд мувофиқ набуда, аз болои ин қарор шикояти таҷдиди назар бурданист.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 22 ноябр оид ба ин мурофиа Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ (ҷамъ 5 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира) ба Шаҳбол Мирзоев уҳдадор кард.

Моҳи майи соли 2015 Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд. Суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 97 ҳазору 265 сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ ва ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ (аз 180 ҳазор сомонии талабшуда) ба даъвогар уҳдадор кард, лекин баъди ин ҳам ҷонибҳо аз даъвоҳояшон даст накашида, моҳи августи соли 2015 Ҳайати мушовараи Суди олии Тоҷикистон бо баррасии шикоятҳои таҷдиди назари тарафҳо, қарори суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 25 майи соли 2015-ро комилан бекор шумурда, парвандаро ҷиҳати баррасии нав ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе фиристод.