Маблағи хариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
(last modified Wed, 30 Mar 2022 05:43:55 GMT )
Март 30, 2022 10:43 Asia/Dushanbe
  • Маблағи хариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
    Маблағи хариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Бо оғози фасли баҳор ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон маблағи хариди хизмати сарбозӣ аз 25 ҳазору 200 сомонӣ ба 28 ҳазору 800 сомонӣ афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ даъвати ҷавонон барои хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мешавад, ки акнун бар асоси қонуни ҷадид хоҳишмандон метавонанд бо пардохти маблағи 28 ҳазору 800 сомонӣ дафтарчаи маъофиятро дарёфт кунанд.

Ин афрод бо пардохт намудани ин маблағ ба ҳисоби Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас аз омӯзишҳои як моҳаи низомӣ ба унвони сарбозони захираи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дафтарчаи хизмати сарбозӣ дарёфт мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон танҳо 450 нафар бо пардохти маблағи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дафтарчаи маъофият дарёфт карданд.

Афроди маъоф аз хизмат наметавонанд дар оянда дар ниҳодҳои полис, дифоъӣ ва адлия истихдом шаванд.

 

Бештар бихонед: