Боздиди сарвазири Тоҷикистон аз мароҳили сохти корхонаи бофандагӣ
(last modified Tue, 05 Apr 2022 04:44:13 GMT )
Апрел 05, 2022 09:44 Asia/Dushanbe
  • Боздиди сарвазири Тоҷикистон аз мароҳили сохти корхонаи бофандагӣ

Сарвазири Тоҷикистон дар сафар ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара бо раванди сохти корхонаи бофандагии ин кишвар бо Чин ошно шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст ва бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз  гардидаанд.

Бино ба навиштаи манбаъ, лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақшаи пешбинишуда, ба истифода додани марҳилаи нави корхонаҳои мазкур дар нимаи аввали соли 2022 пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии иншоот идома дорад.

Инчунин дар ҷараёни сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар оғози кишти пахтаи ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу текстил», воқеъ дар деҳаи Шаҳбур иштирок карда, бо кишоварзон суҳбат кард.

Гуфта мешавад, аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу текстил»  соли 2021 дар 1886 гектар пахта кишт ва аз он 7210 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки аз ҳар гектар 38,2 сентнер ҳосилро ташкил дод.