Апрел 06, 2022 09:38 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти раиси Шурои уламои Тоҷикистон дар бораи моҳи мубораки Рамазон

Раиси Шурои уламои Тоҷикистон гуфт, моҳи Рамазон озмуне барои санҷиши холис будани нияту аъмоли афрод аст.

Ба гузориши “Спутник”, раиси Шурои уламои Тоҷикистон афзуд, Рамазон на танҳо моҳи озмоиши қувваи ҷисмонӣ ва парҳез аз хурдани ғизо аст, балки озмуне барои вазъияти рӯҳиву равонӣ ва хулуси ният ва аъмол аст.

Вай дар идома хитоб ба афроде ки дар ин моҳ бо сӯиистифода, қимати колоро афзоиш медиҳанд ҳам изҳор дошт, онҳо қиматҳоро афзоиш медиҳанд ва пуле, ки ба даст меоваранд, чизе ҷуз нигаронӣ, шикаст ва изтироб нахоҳад дошт.

Сайидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ин нукта барои касоне ки вазифаи хидматрасонӣ ба мардумро бар ӯҳда доранд, сидқ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши қимати маҳсулот дар бозор барои касби даромади бештар дар ин моҳ бадтарин чизе аст, ки дар Ислом мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст.

Абдуқодирзода баён кард, дини муқаддаси Ислом на танҳо дини имон, балки дини ақида ва амал аст ва дар ин моҳ бояд бо мардум меҳрубон буд.

 

Барчасп