Ирсоли беш аз 500 ҳазор доза воксани “Астра Зенека” ба Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз дарёфти 501 ҳазору 600 доза воксани корона хабар дод.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз дарёфти 501 ҳазору 600 доза воксани зиддивируси ҳамагири коронаи “Астра Зенека” хабар дод.
Тоҷикистон ҳадаф аз вуруди ин маҳмулаи ҷадиди воксанҳои зиддикорона дар чорчӯби барномаи байналмилалии КоВаксро тақвияти бештари раванди ваксинатсия дар ин кишвар унвон кард.
Ваксинатсия дар Тоҷикистон ба сурати ройгон 23 марти соли 2021 оғоз шуд ва барои афроди 18 сол ба боло иҷборӣ аст.
Бинобар иттилооти пойгоҳи иттилоотии «Ковид.ТҶ» аз 18 феврали имсол то кунун дар ин кишвар ҳеҷ мавриди ибтило ба корона сабт нашудааст.
Тибқи омори Вазорати кишвари Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввали ҳамагирии корона то 17 феврал теъдоди мубталоён дар ин кишвар 17 ҳазору 388 нафар буда, ки 17 ҳазору 264 тан аз онҳо беҳбуд ёфтаанд.
Омори расмии ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Тоҷикистон 124 нафар эълом шудааст.
Ситоди марказии тақвияти иқдомоти зиддиэпидемологӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши вируси ҳамагир дар тасмиме аз 7 март истифодаи иҷборӣ аз моск дар ин кишварро лағв кард.