Апрел 19, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти рӯзи Саъдӣ бо ҳузури фарҳангдустон дар Тоҷикистон
    Бузургдошти рӯзи Саъдӣ бо ҳузури фарҳангдустон дар Тоҷикистон

Бузургдошти рӯзи Саъдӣ шоир, ҳаким ва орифи пуровозаи эронӣ бо ҳиммати анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва ҳамкории сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури фарҳангдустон ва аҳолии адаб ва ҳунари кишварҳои мухталиф баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ бо ҳамокрии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти Саъдӣ шоир, ҳаким ва орифи пуровозаи эронӣ бо ҳузури донишмандон ва пажуҳишгарони  кишварҳои мухталиф нишаст баргузор мекунад.

Ин нишаст рӯзи чоршанбе 31 фарвардин аз соати 16 то 18 ба сурати маҷозӣ сурат гирифта ва дар он  Ҳасани Балхориқаҳӣ, раиси анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Ҳадоди Одил, раиси фарҳангистони забон ва адаби форӣ Эрон, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Асғари Додба, устдои донишгоҳи алома Таботабоӣ, Шариф Мурод Асрофилниё, устоди донишгоҳи омузгории Тоҷикистон, Маҳдии Муҷтабо, устоди забон ва адабиёти донишгоҳи Занҷон, Сайид Наҷмиддини Ҳасанзайди, донишёри донишгоҳи давлатӣ омузишии Карочи Покистон, Ғолия Қанбарбекова, устодёри бахши эроншиносии донишкадаи шарқшиносии донишгоҳи миллии Фороби Қазоқистон, Обид Шавкатзода, нависанда ва Саъдипажуҳи тоиҷк ва Ортиқ Қодиров ҳунарманд ва муҷрии саршиноси тоҷик суханронӣ хоҳад кард.

Ин нишаст аз тариқи пайвандҳои зер қобили дастрасӣ хоҳад буд:


https://www.instagram.com/anjomanasarmafakher2

https://www.aparat.com/mafakherefarhangi

https://t.me/anjomanasarmafakher

 

Барчасп